Норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия Кремлинро нигарон кардааст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Русия ба хотири ҷуброн кардани норасоии нерӯи корӣ чораҳои зарурӣ меандешад, аммо тағироти назаррасро дар ин бахш набояд интизор шуд
ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik. Норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар бахши сохтмони Русия хеле нигаронкунанда аст. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳур ба хабарнигорон гуфт.
"Норасои шадидан эҳсос мешавад. Дар ҳақиқат, ҳоло тамоми низом кори барзиёд дорад, барои ин кӯшишҳои иловагӣ аз бахши муҳоҷиратии мо талаб карда мешавад", - гуфт котиби матбуоти президенти Русия.
Ба гуфтаи Песков, мақомоти дахлдор барои ҳалли ин мушкилот чораҳои дахлдор таҳия карда истодаанд, аммо дар ояндаи наздик набояд тағироти ҷиддиро интизор шуд.
"Шумо медонед, ки изҳоротҳое буданд, ки онҳоро интизор шудан лозим нест ва бояд қарорҳои қаблӣ риоя шаванд" - гуфт сухангӯи Кремл.
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Путин мӯҳлати будубоши муваққатии муҳоҷиронро дар Русия тамдид кард
Хотиррасон мекунем, ки мақомотиРусия борҳо дар бораи норасоии нерӯи корӣ дар бахши сохтмон изҳорот дода буданд. Ин ба пандемияи коронавирус ва як қатор маҳдудиятҳо, ки вуруди хориҷиёнро, ки омодаанд дар қиёс ба шаҳрвандони Русия дар бахши сохтмон кор кунанд, рабт дорад.
Қаблан Марат Хуснуллин, муовини сарвазири Русия гуфта буд, ки мақомот механизми ба кишвар ҷалб намудани муҳоҷирони кориро соддатар карданист.
Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир, норасоии муҳоҷирони корӣ дар бахши сохтмон тақрибан як миллион нафар аст ва дар дигар бахшҳо тақрибан ду миллион эҳсос мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 15 июн мӯҳлати имтиёз барои муҳоҷирон ба поён расид, ки мувофиқи он муҳоҷирон ҳузури худро дар Русия бояд қонунӣ намоянд. Аммо, президенти Русия Владимир Путин як фармони навро имзо кард, ки тибқи он хориҷиёне, ки қонуншиканӣ накардаанд, то 30 сентябр метавонанд барои қонуни карданӣ буду боши худ дар Русия ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала