Ожонсии зидди фасод мансабдори порахӯрро боздошт кард

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Феълан нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в, г" Кодекси ҷиноятӣ парванда кушода шудааст
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ожонсии зидди фасод аз боздошти мутахассиси шӯъбаи заминсозии № 1 КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Ҳотамов Ш. Г. барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.
"Номбурда дар давраи фаъолиятӣ корӣ аз як корафтода 5 300 сомонӣ пора талаб намудааст", - омадааст дар хабари манбаъ.
Манбаъ меафзояд, ба Ҳотамов як сокини маҳаллӣ барои омода кардани шиносномаи техникӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматӣ муроҷиат намудааст, ки дар натиҷа ин мансабдор аз ӯ 5300 сомонӣ мукофотпулӣ талаб намуд.
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
10 000 сомонӣ пора - барои озодӣ аз хизмати ҳарбӣ
Гуфта мешавад, боздоштшуда дар аввали кор аз сокини маҳаллӣ 1300 сомонӣ гирифт ва ҳар чӣ тезтар овардани 4000 сомонии дигарро талаб намуд.
Кормандони Ожонс ҳинни гирифтани боз 4000 сомонии дигар Ҳотамовро боздошт намуданд.
Ҳоло нисбати ин мақомдор бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, ба суд ирсол гардидааст.
То нашри ин мавод, назари ҷониби айбдоршаванда рушан нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала