Тоҷикистон фурӯши барқро дар чаҳор моҳи соли равон афзоиш додааст

© Sputnik / Андрей Сорокин / Гузаштан ба хазинаи аксЛинии электропередач в мороз, архивное фото
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Тоҷикистон тайи 4 моҳи имсол содироти барқ ба хориҷро афзоиш дода ва аз ин тариқ 11.2 миллиарддоллар даромад касб кардааст
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ба гузориши Кумитаи омори Тоҷикистон, аммо дар ҳоли ҳозир содироти барқ аз Тоҷикистон фақат ба ду кишвари Афғонистон ва Узбекистон имконпазир аст, иитилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Пеш аз ин барқ аз Тоҷикистон ба сӯрати маҳдӯд ба Қирғизистон низ содир мешуд, аммо дар асари даргириҳои ахири марзии авохири апрели соли ҷорӣ тамоми равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар қатъ шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки Алишер Султонов, вазири энержии Узбекистон дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш гуфт, соли дувум аст, ки воридоти барқ аз Тоҷикистон ба ин кишвар дар фасли баҳору тобистон коҳиш ёфтааст.
Лампочка в подвале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
7 – 10 дирам гаронтар: дар парлумон аз болоравии нархи барқ гуфтанд
Ӯ афзуд, дар моҳи май –сентябри соли 2020 тавофуқе барои содроти 1.2 миллиард киловатт/соат барқ байни ду тараф имзо шуд, ки аз ин мизон фақат 566 миллион киловатт/соат барқ ба Узбекистон содир шуд.
Вазири ӯзбек хотирнишон кард, дар ин амр ҳеч касеро наметавон муқассир донист, зеро коҳиши содироти барқ ба далели хушксолӣ ва коҳиши сатҳи оби пушти садҳо аст.
Вай афзуд, тибқи қарордоди мунъақид шуда байни ширкатҳои энержии ду кишвар дар моҳи майи соли ҷорӣ Тоҷикистон бояд дар фасли тобистони имсол ба Ӯзбекистон 197.4 миллион киловатт/ соат барқ содир кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала