Вазорати беҳдошт омори сироятшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Министерства здравоохранения
Здание Министерства здравоохранения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Дар ҳоле, ки аксар расонаҳои дохилӣ аз мавҷуд будани ин беморӣ дар ҷумҳурӣ хабар медиҳанд, Вазорати тандурустӣ ҳамоно дар омори ҳаррӯзаи худ исрор меварзад, ки вирус дар Тоҷикистон нест
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳолати мариз шудани шаҳрвандон аз вируси COVID -19 сабт нагардидааст.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати сироятшавӣ ба ин дард дар миёни шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст.
Медицинские работники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорат: на “вируси корона”, балки гирифторонаш ба шифохонаҳо баргаштанд
Дар омори Вазорат ҳамоно теъдоди умумии сироятёфтагон 13 308 нафар арзёбӣ мешавад, ки аз ин миён 13 218 нафар комилан шифо ёфта, пизишкони тоҷик ҷони 90 маризро наҷот дода натавонистанд.
Омори имрӯза вазорат дар ҳолест, ки худи шаҳрвандон ва ҳатто расонаҳои дохилӣ аз мавҷуд будани вируси COVID - 19 хабар медиҳад.
Рӯзи гузашта сухангӯи Вазорати тандурустӣ Эмомалӣ Мирзо ба Sputnik Тоҷикстон таъйид намуд, ки шумораи нафароне, ки ба илтиҳоби шуш гирифторанд дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Аммо ӯ далели гирифтор шудани шаҳрвандон ба ин бемориро на вируси COVID - 19, балки ҳавои тафсон ва истеъмоли барзиёди яхмос ва нӯшидани оби хунук арзёбӣ кард.

“Онҳо дар пайи нӯшидани оби сард, хӯрдани яхмос ё дигар чизҳои хунук ба маризиҳо, аз ҷумла илтиҳоби шуш печидаанд. Аксари онҳо афродеанд, ки дар гузашта ба маризии “вируси корона” гирифтор шуда буданд. Шуши онҳое, ки бо нишона ё бе нишона ин маризиро аз сар гузарондаанд, ба як солу бештар аз он кор дорад, то пурра барқарор шавад”, - гуфта буд Эмомалӣ Мирзо.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мавориди гирифторӣ ба COVID-19 аз сӯи озмоишгоҳҳо ва шифохонаҳо дар Душанбеву Хуҷанд таъйид шудааст.
Sputnik Тоҷикистон низ ба як қатор иттилооте даст ёфт, ки дар Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советский” ва Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд теъдоди гирифторони пневмония ё илтиҳоби шуш афзудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала