Занозании ронандагони "Як таксӣ" ва "Оби Душанбе" ба ҳабси 10 рӯзаи онҳо анҷомид - навор

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ронандагони ширкатҳои "Як таксӣ" ва "Оби Душанбе" ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе ду ронандаро боздошт намуданд, ки дар дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои котиботи РВУД дар пойтахт, рӯзи 14 июн ба шабакаҳои иҷтимоӣ навори занозании ду мард дар мобайни роҳи мошингард чарх мезад, ки боиси нороҳатии шаҳрвандон ва ҳамзамон тамбашавии нақлиёт дар роҳ гардид.
Зимнан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ лаҳзаи дашномдиҳӣ ва латукӯб кардани ҷавонмардҳоро сабт ва аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ дархост намуданд, ки нисбати қаҳрамонони ин навор чораҳои зарурӣ андешанд.
Манбаъ меафзояд, бо гузашти ҳамагӣ 1 соатҳар ду ҷавон боздошт ва шахсияти онҳо муайян карда шуд.
"Инҳо, Ҳалимов Меҳроби 28 - сола, сокини шаҳри Душанбе ва ронандаи автомашинаи мусофиркашонии ширкати "Як таксӣ" ва Саидов Сайёди 30 - сола,, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ронандаи ширкати "Оби Душанбе" мебошанд", - омадааст дар хабар.
РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ронандаҳо дар роҳи мошингарди кӯчаи Ҷаббор Расулов аз сабаби ночиз нахуст ҳамдигарро дашном дода, сирпас ба занозанӣ гузаштанд.
Бо ин амалашон ҳар ду тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, боиси ҷамъшавии роҳгузарон ва озори шаҳрвандон гардидаанд.
Ба ҳамин минвол, нисбати ҳар ду ҳуқуқвайронкунанда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуд.
Бо қарори суд нисбати ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин гардид.
Лентаи хабарҳо
0