Арзиши рубл дар Тоҷикистон боз каме боло рафт

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Қимати рубл, ки тибқи иттилои Бонки миллӣ дар Тоҷикистон дирӯз гарон шуда буд, имрӯз баландтар шуд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Тибқи иттилои БМТ арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1563 сомонӣ нишон дода шудааст. Қурби миёнаи фурӯши рубл бошад, ки дирӯз то 0.1580 сомониро ташкил медод, имрӯз аз 0.1563 то 0.1595 сомонӣ нарх дорад.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, қурби ин асъор низ каме боло рафта, 1 доллар 11,3195 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз низ каме поин рафтааст.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Иқтисодшинос гуфт, кай қурби доллар ба марзи 100 рубл мерасад
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро муодили 13.7255 сомонӣ аст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13,7294 сомонӣ буд.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3200 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.7255 то 14.9000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала