Дар Данғара "Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ" ифтитоҳ шуд

© Сайт мэрии города ДушанбеСтуденты нового мед университета Таджикистана
Студенты нового мед университета Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Дар он донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, момодоягӣ ва кори дандонсозӣ омода карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Данғара "Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ" ифтитоҳ гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар маросими кушодашавии он президент Эмомалӣ Раҳмон ширкат кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-и ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизода бунёд гардидааст.
Таджикский государственный медицинский университет имени Абу Али ибн Сино. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Супориши Президент иҷро шуд: тағйирот дар сохтори Донишгоҳи тиббӣ
Гуфта мешавад, масоҳати умумии замини муассиса 0,10 гектарро ташкил медиҳад.
Бино аз 7 ошёна, таҳхона, 25 синфхонаи барҳавои таълимӣ, утоқҳои корӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои наву замонавӣ таъмин мебошанд.

Муассиса имкони қабули 720 донишҷӯро дар як баст дошта, дар он донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, момодоягӣ ва кори дандонсозӣ омода карда мешаванд.

Аз рӯи тарҳ дар таҳхонаи Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Данғара утоқҳои корӣ барои омӯзгорон, мудирони кафедраҳо ва дигар кормандон бо шароити мусоиди корӣ муҳайё гардидааст.
Дар ҳуҷраи дандонсозӣ як адад дастгоҳи муосир мавҷуд аст, ки таввасути он таҷрибаи илмию назариявӣ амалан иҷро мегардад.
Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимии муассиса бо системаи гармидиҳӣ пайваст шуда, бино дар фасли зимистон бо гармӣ пурра таъмин карда мешавад.

Донишгоҳи тиббӣ дар Данғара

Ёдрас мешавем, дар соли 2016 дар Данғара Донишгоҳи тиббӣ низ ифтитоҳ шуда буд.
Сохтмони бинои ин донишгоҳ моҳи марти соли 2008 оғоз шуда ва бо маблағи 177 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Эмомали Рахмон открыл в Горно-Матчинском районе центральную больницу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2020
“Дарси Данғара”: донишгоҳи тиббии Хуҷанд бошад ё набошад?
Ба иттилои мақомот, дар солҳои аввали ифтитоҳаш дар Донишгоҳ зиёда аз 150 нафар устодон, аз ҷумла 4 доктори илм, 27 нафар номзади илм ва дотсент фаъолият карда ва 2615 донишҷӯ аз тамоми манотиқи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Дар ин донишгоҳ ҳамчунин аз рӯи 30 ихтисос дар марҳилаи бакалавр ва 8 ихтисос дар зинаи магистр мутахассисон омода мешавад. Ин дувумин Донишгоҳи тиббӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0