Дастурамали ниҳоӣ барои бозиҳои олимпии Токио - 2020 нашр шуд

© REUTERS / Eugene Hoshiko/Pool Фигуры талисманов Летней Олимпиады в Токио Miraitowa и Someity во время мероприятие по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио
Фигуры талисманов Летней Олимпиады в Токио Miraitowa и Someity во время мероприятие по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Шакли ниҳоии дастурамал барои иштирокчиёни бозиҳои олимпии Токио - 2020 нашр гардид, ки нақзи он таҳримҳо дар пай дорад
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Кумитаи байналмилалии паралимпӣ ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 нусхаи ниҳоии “Playbook” - дастури қоидаҳоро барои иштирокчиёни бозиҳоро нашр карданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки варзишгарон барои вайрон кардани қоидаҳои ҷилавгирӣ аз COVID-19 дар Токио-2020 бо маҳрумият ва ҷаримаҳо рӯбарӯ мешаванд.
Манбаъ афзуд, Пиер Дюкрей, директори амалиёти Бозиҳои олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) иброз намудааст, ки нисбат ба варзишгарон, мураббиён ва шахсони расмӣ, ки тадбирҳои муқарраркардаи ташкилотчиёнро барои коҳиш додани хавфи сироятёбӣ ба COVID-19 риоя намекунанд, муносибат ҷиддӣ хоҳад буд.
Довари  дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи бокс аз Тоҷикистон, Мансур Муҳиддинов дар майдон ҳангоми доварӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Довари тоҷик ба Олимпиадаи Токио - 2020 даъват шуд
Масъулони робита бо COVID-19, ки аз ҷониби ҳар як кумитаи миллии олимпӣ ва кумитаи миллии паралимпӣ таъин карда шудаанд, вазифадор гардидаанд, ки масъулинро дар бораи вайронкориҳо дар ҳайати худ огоҳ кунанд.
"Тибқи ин санад, нафароне, ки ба қоидавайронкунӣ даст мезананд, метавонанд "огоҳӣ" гиранд, корти акредитатсиониашон муваққатан ё доимӣ бозпас гирифта шавад, муваққатан ё доимӣ аз бозиҳо хориҷ карда шаванд, ҳатто ба таҳримоти молиявӣ дучор шаванд", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, варзишгарон бояд чораҳои фосилаи иҷтимоиро, ба мисли пешгирӣ аз оғӯш ва дастфишорӣ риоя кунанд ва ба минтақаҳои сайёҳӣ, мисли тарабхонаву қаҳвахонаҳо нараванд. Аз онҳо ҳар рӯз дар бозиҳо барои коронавирус озмоиш гирифта мешавад.
Дар асоси дастури дигар, ки пешниҳод шудааст, варзишгароне, ки имкони рақобат дар финалро, бо сабаби натиҷаи мусбати озмоиши COVID-19, надоранд, соҳиби медали нуқра хоҳанд шуд.
Тибқи стратегия, шахсе, ки бо сабаби озмоиши мусбати коронавирус рақобат карда наметавонад, на ҳамчун "маҳрум кардан", балки ҳамчун "ба рақобат ҳозир нашуд" тасниф карда мешавад, афзуд Кумитаи олимпӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала