Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Додгоҳи байналмилалӣ шикояти қирғизҳо аз "ҳамлаи мусаллаҳонаи Тоҷикистон"- ро қабул кард

© VYACHESLAV OSELEDKOТаджикские пограничники патрулируют границу
Таджикские пограничники патрулируют границу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ба ҳуқуқшиноси қирғиз нома равон кардааст, ки шикояти онҳо нисбати низомиён ва фармондеҳони олии Тоҷикистон оид ба ҷинояти ҳарбӣ бар зидди аҳолии осоиштаи Қирғизистон бақайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ҳуқуқшинос Сания Токтоғазиева аз идораи Прокурори Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ нома тасдиқӣ гирифтааст, ки шикояти онҳо нисбати низомиён ва фармондеҳони олии Тоҷикистон оид ба ҷинояти ҳарбӣ бар зидди аҳолии осоиштаи Қирғизистон бақайд гирифта шудааст.
Ҳуқуқшиноси қирғиз дар ин бора дар сафҳаи Фейсбукаш навишта ва ин номаро аз додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ нашр кардааст.
Қаблан ҳуқуқшинос Токтоғазиева ба додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ борои оғози тафтишот алайҳи мақомоти Тоҷикистон дар робита ба амалҳои онҳо нисбати аҳолии осоиштаи Қирғизистон дархост равон карда буд.
Вай таъкид кард, ба онҳо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва шаҳрвандони зарардида дар ҷамъоварии аксҳо ва далелҳои видеоӣ кӯмак карданд.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш мақомоти Қирғизистон аз ин иқдоми ҳуқуқшинос изҳори нагронӣ карданд ва таъкид карданд, ки ин иқдом метавонад ба равобити дуҷонибаи ду кишвар таъсири ҷиддӣ расонад.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон: бархе қувваҳо мехоҳанд муносиботи Душанбеву Бишкекро муташанниҷ кунанд
Бишкек аз он нигарон аст, ки мурофиаҳои судӣ музокирот бо Тоҷикистонро мушкилтар хоҳад кард.
“Ҳоло, ки масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар чаҳорчуби сулҳу музокирот оғоз ёфтаанд, бархе аз нерӯҳо мехоҳанд танишҳоро дар муносибатҳои дуҷониба барқарор созанд. Масъалаҳои марзӣ муносибати мутавозинро тақозо мекунанд ва дар ин ҳолат, чунин ташаббусҳо метавонанд ба ҳалли сиёсӣ ва дипломатии масъала зарар расонанд ”, - шарҳ додааст хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.
Мақомоти Қирғизистон таъкид доштааст, ки кори комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба аломатгузории марз миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон идома дорад, онҳо роҳҳои мақбули ҳалли масъаларо бо назардошти манфиатҳои ду кишвар ҷустуҷӯ доранд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти Хоҷаи Аъло маъруф ба “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Бишкек ва Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам карда буданд.
Феълан вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала