Довари тоҷик ба Олимпиадаи Токио - 2020 даъват шуд

© Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонДовари дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи бокс аз Тоҷикистон, Мансур Муҳиддинов дар майдон ҳангоми доварӣ
Довари  дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи бокс аз Тоҷикистон, Мансур Муҳиддинов дар майдон ҳангоми доварӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Даъвати мутахассиси тоҷик барои доварии сабқати олимпии бокс бори аввал аст
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Довари дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи бокс аз Тоҷикистон, Мансур Муҳиддинов мусобиқоти боксро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳакамӣ мекунад, иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Ба иттилои Кумита, ин рӯйдод бори аввал дар таърихи бокси кишвар аст. Манбаъ афзуд, ки Муҳиддинов аз ҷониби гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс ба мусобиқаҳои интихобии олимпии Африқо ва Аврупо даъват шуда, маҳорати баланди ҳакамӣ нишон дод ва дар баробари 36 нафар ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 даъват гардид.
Ба гуфтаи Мансур Муҳиддинов аз кишварҳои ИДМ 5 нафар ба Олимпиада даъват шуданд, ки инҳо доварон аз Русия, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Тоҷикистон мебошанд.
Баходур Усмонов в поединке с Александром Железняком в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2019
То 1500 доллар ҳар моҳ: таъини кумакпулӣ барои лижарону муштзанҳои тоҷик
Кумита дар мавриди Мансур Муҳиддинов иттилоъ додааст, ки ӯ соли 1977 таваллуд шуда, аз соли 1991 ба бокс машғул мебошад. Зикр шудааст, ки 10 сол ҳамчун варзишгар, аз ҷумла 5 сол узви дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс дар мусобиқаҳо иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо шудааст.
Манбаъ афзуд, ки Муҳиддинов аз соли 2001 ба кори мураббигӣ ва доварӣ гузашт. Соли 2010 ситораи дараҷаи 1-и Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскориро (AIBA) гирифт.
Пас аз ҳафт сол имтиҳон супорида, ситораи дараҷаи 2 ва соли 2018 ситораи дараҷаи 3 (довари дараҷаи олимпӣ)-ро ба даст овард, илова намуд Кумитаи миллии олимпӣ.
Лентаи хабарҳо
0