Эрониҳои муқими Тоҷикистон имкон доранд дар интихоботи раисҷумҳур ширкат намоянд

© Посолство Ирана в Таджикистане Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Сафири Эрон дар Тоҷикистон шароити раъйдиҳии эрониёни муқими ин кишвар дар сездаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро муносиб ва омода тавсиф кард
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ дар сафҳаи “Твиттер”-ии худ навишт, ду шуъбаи раъйгирӣ ҳамзамон барои эрониёни муқими Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва шаҳри Роғун барои баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон омода шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Бар асоси ин гузориш, сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон 18 июни 2021 баргузор хоҳад шуд.
Дар ҳамин росто сафоратҳои Эрон дар кишварҳои мухталиф муқаддамоти ҳузури эрониёни муқимро барои мушорикат дар интихобот фароҳам кардаанд.
Президент Исламской Республики Иран Хасан Роухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2017
Натиҷаҳои аввалини интихоботи раисҷумҳури Эрон: Ҳасан Руҳонӣ пештоз аст
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Ситоди интихоботи вазорати кишвари Эрон гуфт, натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон то зуҳри шанбе (19 июн) эълом мешавад.
Вай гуфт, дар ин давра қарор аст, ҳамзамон аз шуъба натоиҷ ва сӯратҷаласа ба вазорати кишвар ва Шӯрои нигаҳбон ирсол шавад ва ин боиси тасреъ ва таҷмиъ дар ҷамъбандӣ ва эъломи натоиҷ хоҳад шуд, бинобар ин пешбинии мо ин аст, ки то пеш аз зуҳри шанбе натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳуриро эълом кунем.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала