Даҳ голзани беҳтарин дар таърихи тими миллии Тоҷикистон: Ҷалилов дар сархат ҷой гирифт

© ФФТМаничеҳр Ҷалилов, футболбози тими миллии Тоҷикистон дар сархати беҳтарин голзанҳои дастаи мунтахаб
Маничеҳр Ҷалилов, футболбози тими миллии Тоҷикистон дар сархати беҳтарин голзанҳои дастаи мунтахаб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон 10 голзани беҳтарин дар таърихи тими миллии кишварро нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари бошгоҳи “Истиқлол” бо 19 гол дар сархати даҳгонаи беҳтарин голзанҳо дар таърихи тими миллии Тоҷикистон қарор гирифт.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон – 2022 дар зӯрозмоӣ бо тими Мянмар, Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 53-юми бозӣ голро вориди дарвозаи ҳариф кард. Барои Ҷалилов ин 19-умин гол дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон шуд.
Ӯ дар ҳайати тими мунтахаби футболбозони Тоҷикистон аз соли 2015 бозӣ карда, дар 38 бозӣ ҳунарнамоӣ кардааст.
Национальная сборная Таджикистана по Футболу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Чор гол нарасид: Тоҷикистон аз сабқат барои ширкат дар Ҷоми Ҷаҳон канор монд
Дар баробари Ҷалилов ба даҳгонаи беҳтарин голзанҳо дар таърихи тими миллӣ Юсуф Рабиев бо 15 гол, Нумонҷон Ҳакимов бо 14 гол, Тоҳирҷон Муминов бо 10 гол ворид шудаанд.
Дар ин феҳраст инчунин Фатҳулло Фатҳуллоев ва Иброҳим Рабимов бо 9 – голӣ, Давронҷон Эргашев, Нуриддин Давронов, Ҷомихон Муҳиддинов – ҳама 8 голӣ ва Дилшод Восиев бо 7 гол ҷой гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0