Ҷазои домод барои ба худкушӣ расондани наварӯсаш дар рӯзи ошиқон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Мурофиаи парвандаи худкушии наварӯси 18-сола дар ноҳияи Рашт анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Рашт Искандаршо Саймаҳмадовро барои ба худкушӣ расондани арӯси ҷавонаш ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҷасади шаҳрванд Додова.Н-ро, ки худовезӣ кардааст, хешовандон иҷозаи кушодан надода, худи ҳамон рӯз - 14 феврал дафн кардаанд.
Манбаъ афзуд, мақомоти тафтишотӣ муайян намудаанд, ки Саймаҳмадов Искандаршо бо Додова моҳи августи соли 2020 ақди никоҳ баста, муддати 7 моҳи зиндагии якҷоя мунтазам арӯс таҳти латукӯби шавҳар қарор мегирифтааст.
Машины милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
"Гарениӣ? Ҳо гарениюм": занозании ду ронанда дар мобайни роҳ ва оқибати он – видео
Рӯзи 13 феврали соли равон бо баҳонаи он, ки бидуни иҷозат ба хонаи волидонаш рафтааст, ба миён ва қафаси синаи Додова зарбаҳо зада, таҳқирҳо кардааст, иттилоъ дод додситонӣ.
Манбаъ афзуд, ҷавонзан ба ранҷу азобҳои мунтазами шавҳараш тоқат накарда, 14 феврали соли равон тахминан соати 7:25 дақиқа дар ошхонаи ҳавлии истиқоматии шавҳараш воқеъ дар деҳаи Машконаки ноҳияи Рашт худро овехта, ба ҳалокат расонидааст.
Парвандаи ҷиноятӣ, баъди анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Додгоҳи ноҳияи Рашт ба Саймаҳмадов ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин кардааст.
Назари маҳкумшуда дар бораи иттиҳоми мақомот ва ҳукми додгоҳ феълан маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0