Ҷузъиёти дидору мулоқоти Путин ва Байден маълум шуд

© AP / Alexander ZemlianichenkoДжо Байден и Владимир Путин
Джо Байден  и Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Музокирот тибқи ҷадвали Байден якчанд соат идома мекунад. Қабл аз оғози гуфтугӯ Байден бо Путин ва кишвардори Швейтсария аксбардорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дидору мулоқоти раисиҷумҳурони Русия ва Амрико, Владимир Путин ва Ҷо Байден имрӯз дар шаҳри Женева тахминан соати 14:35 дақиқаи ба вақти Маскав (12:35 бо вақти Душанбе) баргузор мешавад, менависад РИА Новости.
Кохи Сафед ҷузъиёти ин мулоқотро нашр намудааст. Аз ҷумла дар маълумотнома омадааст, ки 10 дақиқа қабл аз мулоқот Ҷо Байден бо Владимир Путин ва кишвардори Швейтсария Гай Пармелин аксбардорӣ мекунад.
Мулоқоти васеи Байден ва Путин бо иштироки ҳайатҳо соати 15:55 ба вақти Маскав оғоз ва соати 17.40 ба вақти Маскав даври дуюми ин мулоқот баргузор мешавад.
Президент Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
"Эҳтиром куну нахоб": Трамп пеш аз мулоқот бо Путин ба Байден маслиҳат дод
Пас аз мулоқот бо Владимир Путин, кишвардори Амрико нишасти матбуотӣ мегузаронад ва сипас ба Вашингтон бармегардад.
Қаблан роҳбари Амрико аз нишасти матбуотии муштарак бо Владимир Путин даст кашида буд, ки ин амали ӯ боиси масхара аз ҷониби корбарони хориҷӣ гардид.
Аксар корбарон Байденро тарсу номида изҳор доштанд, ки Путин ӯро "мешиканад".
Бояд гуфт, ки Владимир Путин чанд рӯз қабл дар робита ба сафари қарибулвуқӯи худ ба Женева як мусоҳибаи калон бо шабакаи телевизионии NBC анҷом дода буд, ки шакли пурраи онро дар зер хоҳем овард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала