Мақомот зарари сел дар Кӯлобро 4 миллион доллар арзёбӣ кард

© Мақомоти влояти ХатлонМавзеъҳои харобшуда дар паи сел дар Кӯлоб
Мавзеъҳои харобшуда дар паи сел дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон маблағи умумии зарар аз офати табииро дар шаҳри Кӯлоб эълон карданд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарари селхезӣ дар шаҳри Кӯлобро 46 миллион сомонӣ (муодили 4 миллион доллар), эълон кард.
Селу боронгариҳои рӯзи 11-уми май ба шаҳри Кӯлоб харобиҳои зиёдеро овард ва тибқи иттилои мақомот дар ин офатҳои табиӣ, 3 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин дар ин ҳодиса 43 хона пурра ва 102 хонаи дигар қисман зарар дидаанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ки дар селхезии Кӯлоб 4 мактабу боғча, 6 километр роҳ, 10 пул, наздик ба 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор ва 500 метр қубурҳои обгузар, осеб дидаанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Раҳмон дар Вахш: “руҳафтода набошед то моҳи сентябр хонаҳои вайроншуда барқарор мешаванд”
Тибқи иттилои расмӣ, бар асари ин ҳодиса дар деҳоти атрофи шаҳр ҳазорҳо чорвои сокинон талаф ёфта, 136 гектар майдонҳои кишт аз байн рафтааст.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷуҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми июн ба Кӯлоб рафт ва бо сокинони осебида аз ин офати табиӣ мулоқот кард
Зимни вохӯри бо мардуми Вахш, Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки то моҳи сентябр барои тамоми нафароне, ки манзилҳояшон дар ин офати табиӣ пурра тахриб шудаанд, хонаҳои нав месозанд.
Учения КЧС РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2019
КҲФ: дар натиҷаи офати табиӣ 22 нафар шаҳрвандони кишвар ҳалок шудаанд
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, офати табиии рӯзи 11-уми май дар умум ба 15 шаҳру навоҳии кишвар зарар расонда, дар чаҳор шаҳру ноҳия боис ба марги 9 нафар шуд.
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ осеб расонд.
Лентаи хабарҳо
0