Як ҳафта гузашт: мардум ба ваксиназанӣ аз COVID – 19 таваҷҷӯҳ надорад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксВакцина от коронавируса AstraZeneca
Вакцина от коронавируса AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Дасти кам дар чаҳор маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар Душанбе духтурон аз он шикоят карданд, ки мардум ба раванди ваксинатсия аз COVID – 19 камтаваҷҷӯҳанд
ДУШАНБЕ, 16 июн – Sputnik. Масъулине, ки бо ваксиназанӣ дар шаҳри Душанбе машғуланд, изҳор доштанд, ки дар бархе нуқтаҳо ҳатто як нафар ҳам муроҷиат накардааст.
"Мо бо дастури вазорати тандурустӣ дар миёни аҳолӣ ташвиқ мебарем, аммо мардум таъйид мекунанду боз паси кори худашон ҳастанд. Ҳатто фарзандон нисбати саломатии волидайни худ таваҷҷӯҳ надоранд", - гуфт яке аз масъулини нуқтаҳои ваксиназанӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
Эмомалӣ Мирзо, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки воқеан, ин раванд хеле ба кундӣ пеш меравад.
"Як ҳафта шуд, ки кормандони марокизи саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар саросари кишвар гузарондани ваксинаи COVID – 19 ба афроди аз 60 – сола болоро шуруъ кардаанд. Ба мо ҳам гузориш мерасад, ки ширкати мардум хеле камранг аст. Ваксина гирифтан кори ихтиёрӣ аст”, - гуфт Эмомалӣ Мирзо.
Ӯ афзуд, ки вазорат ба мардуми кишвар тавсия медиҳад, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории “вируси корона” гирифтани ваксина аст ва аз ҳамин роҳ мешавад зиндагии ҳазорон нафарро наҷот дод.
Раванди ваксинакунӣ дар Тоҷикистон 22 марти соли равон дар пайи як қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон шуруъ шуда буд. Бино ба ин қарор, қабл аз ҳама қишрҳои осебпазири ҷомеа, назири кормандони соҳаи тиб, маориф, афроди аз 60 - сола боло, кормандони ниҳодҳои муҳими иқтисодӣ ва дигарон бояд ваксина гиранд.
Абдулло Давлатов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Фаъолони ҷамъияти тоҷикону ӯзбекҳои Русия, худдории муҳоҷирон аз эмгузарониро шарҳ доданд
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, то 16 июни соли равон 106 ҳазору 628 нафар бо ваксинаи AstraZeneca – и сохти Аврупо ваксина шудаанд, ки 192 ҳазор вояи онро Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ аз Ҳиндустон ҳанӯз моҳи март ба Тоҷикистон ворид карда буданд.
Сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ин теъдод беш аз 185 ҳазор воя дар марокизи саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии саросари кишвар тақсим шудааст.
“Ваксина ду бор гирифта мешавад. Фосилаи миёни мавриди аввал ва дуввум беш аз як моҳ аст. Ҳоло дар тамоми шаҳрҳои кишвар мешавад ваксинаро маҷҷонӣ ба даст овард”, - гуфт Эмомалӣ Мирзо.
Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, ба ҳамин қарибӣ ҳудуди 300 ҳазор воя ваксинаи чинии "CoronaVac" низ ба кишвар ворид карда хоҳад шуд. Аммо то куҷо сокинони кишвар ба он таваҷҷӯҳ хоҳанд кард, суоли рӯз аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала