"Ба посгоҳ омад, тавқиф шуд": бо ҳомии ҳуқуқи қирғиз дар Овчиқалъача чӣ рух дод?

© Sputnik Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Як мақомдори маҳаллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъвои хонуми фаъоли ҳуқуқи башари қирғизро, ки гӯиё “аз ҷониби марзбонони тоҷик боздошту ғорат шудааст”, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 16 июн – Sputnik. Аҳмадҷон Шукуров, раиси ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марзбонони тоҷик воқеан як хонумеро, ки худро фаъоли ҳуқуқи башар муаррифӣ кардааст, дар посгоҳи марзбонии Тоҷикистон мутаваққиф сохта, ӯро мавриди пурсиш қарор додаанд. Ин вазифаи марзбонон аст, шаҳр ку бедарвоза нест, таъкид намуд раиси ҷамоат.

"Вақте хабар пахш шуд, бо сардори пойгоҳи марзбонӣ тамос гирифтем. Ӯ гуфт, ки марзбонон, воқеан, ин занро тавқиф карда, мавриди бозпурсӣ қарор доданд, зеро ӯ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда буд. Пас аз пурсуҷӯ марзбонони қирғизро даъват карда, ин занро дар ихтиёри онҳо мегузоранд. Гап ҳамин”, - гуфт Шукуров.

Қаблан Гулгаки Мамасалиева, як хонуми фаъоли ҳуқуқи башар дар Қирғизистон ба расонаҳои ин кишвар гуфт, ки ҳаволии соати 19:00 – и 15 июни 2021 дар қаламрави деҳаи Эски Овчии ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд низомиёни Тоҷикистон ӯро боздошт ва ғорат кардаанд.
“Ман аз Максат ба самти Қулунду мерафтам. Дар деҳаи Эски Овчӣ, вақте аз қисмати баҳсии марз бо мошин мегузаштам, ба посгоҳи низомиёни тоҷик бархӯрдам. Онҳо сари чанбари мошини ман нишаста, маро ба бинои посгоҳ бурданд. Танҳо будам. Маро якуним соат нигоҳ доштанд, мошину сумкаамро тагурӯ карданд. Баъдтар фаҳмидам, ки аз сумкаам 10 ҳазор сомро берун овардаанд”, — хабар додаст Гулгаки Мамасалиева ба расонаҳои Қирғизистон.
Вай ҳамчунин гуфтааст, ки ӯро бо фармони сардори пойгоҳи марзбонии Тоҷикистон раҳо ва пас аз озодӣ фаҳмидааст, ки марзбонони тоҷик аз наздиконаш 1000 доллар бар ивази раҳоияш талаб кардаанд.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон: бархе қувваҳо мехоҳанд муносиботи Душанбеву Бишкекро муташанниҷ кунанд
Раиси ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ин даъвоҳо туҳмати хушку холӣ ҳастанд ва ба он чӣ марзбонони мо мегӯянд, ихтилоф дорад.

"Гуфт даъво надораму баъдан изҳороти дурӯғ дод"

"Аввал ин, ки бачаҳои мо ба ин дараҷа пастӣ, ки пули як занро гиранд, ҳеҷ гоҳ даст намезананд. Инро ахлоқи мо - тоҷикон намебардорад. Қирғизистон марзро пурра бастааст ва агар ин зан ҳуқуқдон аст, бояд фаҳмад, ки куҷо равад, куҷо не", - таъкид намуд раиси ҷамоат.
Ӯ афзуд, ки дуюм, вақти таслим кардан дар шоҳидии марзбонони ду кишвар аз зан пурсида мешавад, ки ягон даъво дорад, ё не, посух медиҳад, ки не.

"Аммо пас аз раҳоӣ ин гуна изҳорот дода, дурӯғ гуфтани як зани ҳуқуқшинос, барои мо фаҳмо нест. Ин найрангу тавтиасозиҳоро мо хуб балад ҳастем. Ҳамаро ба виҷдонаш ҳавола мекунем", - гуфт Аҳмадҷон Шукуров.

Гулгаки Мамасалиева, фаъоли ҳуқуқи башар, гуфтааст, ки бо масоили корҳои сохтмонӣ дар маҳалҳои тахрибшуда аз даргириҳои моҳи апрел дар ноҳияи Лайлаки Бодканд машғул будааст. Дар изҳороти охирини худ ӯ гуфтааст, ки дар бораи ин ҳодиса фардо ботафсил суҳбат хоҳад кард.
Рӯзи 29 апрели соли равон дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара даргирӣ миёни неруҳои низомии Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқуъ пайваст, ки ҳамон рӯз ба дигар маҳаллаҳои Исфара ва Овчиқалъачаву Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ густариш ёфт. Дар пайи ин даргириҳо даҳҳо хонаву иншоот аз ду тараф тахриб шуда буданд, ки ҳоло навсозӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0