Президент дар Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ кард

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми ифтитоҳи иншооти бунёдкардаи Содиқовҳо дар Данғара
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми ифтитоҳи иншооти бунёдкардаи Содиқовҳо дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Дар ин корхона 25 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ”-ро ба истифода дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Бино бар иттилои манбаъ, иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин бунёд карда шудааст.
Иқтидори лоиҳавии корхонаи истеҳсолӣ дар як шабонарӯз коркарди 25 тонна ашёи хом ва омода намудани 3,5 тонна равған мебошад.
Продукты российского производства на витрине магазина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Ин “саботаж” нест: чаро нархи равған хест? – таҳқиқ ва омор
Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ” 25 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд.
Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ, омода намудани қуттиҳои пластикӣ ва бастубанд иборат буда, равғани растанӣ дар зарфҳои пластикии 1, 2, 3 ва 5 литра ҷой карда мешавад.
"Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис дода шуда, дар он аз зағир, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад", - меафзояд дафтари матбуоти президент.
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ашёи хом барои истеҳсоли равғани ҷавобгӯи талабот дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ аз хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас карда мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои бонуфузи Русия ва Чин ворид карда шудааст.
Ӯзбекистон воридоти равғанро аз андоз муваққатан озод кард: пешгирӣ аз гароншавӣ
Ба президент иттилоъ дода шуд, ки равғани дар корхона истеҳсолшуда дорои сифати баланд буда, бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанию хориҷӣ рақобатпазир мебошад..
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала