Путин барои музокироти таърихӣ бо Байден вориди Женева шуд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин, архивное фото
Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Кишвардори Русия Владимир Путин барои доир намудани мулоқот бо ҳамтои амрикоии худ вориди шаҳри Женева шуд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ҳавопаймои президенти Русия Владимир Путин дар фурудгоҳи Женева фуруд омад. Роҳбари Федератсияи Русия дар доираи сафари расмӣ ба Швейтсария рафт.
Қарор аст, ки дар Женева Путин бо президенти ИМА Ҷо Байден гуфтушунид кунад. Мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА дар қаламрави Вилла Ла Гранж, ки дар шафати кӯли Женева ҷойгир аст, баргузор мешавад.
СПУТНИК_LIVE: Саммит Россия-США в Женеве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Мулоқоти Путин ва Байден - пахши мустақим аз Женева
Тахмин меравад, ки гуфтугӯи Путин ва Байден тақрибан 5,5 соат идома хоҳад ёфт. Дар ин мулоқт Путин ва Байден ният доранд, ки суботи стратегӣ, халъи силоҳ, пандемия, ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва муҳити зистро баррасӣ кунанд.
Аз ҷумла, ҷонибҳо ба вазъ дар Афғонистон, Ливия, Қарабоғи Кӯҳӣ ва нимҷазираи Куриё дахл хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, пас аз музокирот бо Байден, раҳбари Русия нишасти матбуотӣ дода, сипас ба мулоқот бо президенти Швейтсария Гай Пармелин меравад.
Лентаи хабарҳо
0