Яке пиёдаву дигарҳо савор: се садамаи маргбори ду рӯзи ахир

© Sputnik / Стас ЭтвешМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Ду рӯзи ахир дар пайи тасодуф дар роҳҳои Тоҷикистон се тан аз ҷумлаи ронандагону пиёдагардон ҳалок шуданд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаҳои нохуши нақлиётии ду рӯзи гузашта гузориш додааст, ки дар натиҷа чанд тан ҳалок шудаанд.

Ҳалокати пиёдагард

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 14-уми июни соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи "Опел-Вектра", дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Калъачаи Калони шаҳри мазкур аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромадааст.
Такси в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Садамаи маргбор дар Петербург: ронандаи тоҷикистонӣ шарикашро пас аз садама корд зад
Дар натиҷа, пиёдагарди наврас, писари 17-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сомонии шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
"Ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ходиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Мутаассифона, рӯзи 15-уми июни соли 2021, тахминан соати 05:40-дақиқа, ронандаи "Мерседес-Бенс", сокини 25-солаи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Б.Ғафуров аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромадааст.

Марги ронандаи "Партер", ки қади роҳ меистод

Дар натиҷа, "Мерседес-Бенс" ба худрави "Портер", сокини 38-солаи ҷамоати деҳоти Деҳмой тааллуқ дошт ва дар қисми рости роҳ беҳаракат меистод, бархурдааст.
Дар натиҷа, ронандаи "Портер", Қаландаров Д.М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 15-уми июн, тахминан соати 11:00 ронандаи 25-солаи "Мерседес-Бенс", сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат, ки бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳаракат мекард, дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Б.Бурунов, аз уҳдаи идораи автомашинаи набаромада, онро чаппа намудааст.

Фавти ронандае, ки автомашинааш чаппа шуд

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур С. Ф.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Машина вылетела в реку Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Ду садамаи маргбор дар як шабонарӯз: ВКД аз ҳалокати ронанда ва пиёдагард хабар дод
Мусофири автомашинаи мазкур ҷавони 23-сола, сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала