Даҳшат: сокини Панҷакент хоҳари 19 - солаашро кушт

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции в Душанбе, архивное фото
Сотрудники милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Куштор дар заминаи муноқишаи оилавӣ сурат гирифтааст. Ҳоло нисбати бародари марҳум парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент ҳодисаи даҳшатовар рух дод.
Бар хабари котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҷавони 23 - сола хоҳари худро ба таври ваҳшиёна ба қатл расондааст.
Ин ҳодиса нисфирӯзи 15 июн, тахминан соати 14:00 дақиқа рух дод.
Гуфта мешавад, сокини 23 - солаи маҳаллӣ аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо хоҳари 19 - солаи худ ҷангу ҷанҷол намудааст.
Тамбовская областная станция скорой медицинской помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Ҳалокат дар роҳ ба беморхона: ВКД аз ҳодисаи куштор дар боғе дар Душанбе хабар дод
Зимнан, ҷавон бо истифода аз корди хоҷагӣ 5 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими хоҳари худ зарба расондааст, ки охирон аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Манбаъ ҳамзамон аз як ҳодисаи дигари одамкушӣ хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе иттифоқ афтодааст. Ин навбат мард амаки худро аз ҳаёт маҳрум намуд.
Котиботи вазорат дар пайи нашр намудани ин хабар таъкид намудааст, ки гумонбаршаванда қаблан низ доғи судӣ доштааст.
"Номбурда бо амаки 48 - солаи худ ҷангу ҷанҷол намуда, нахуст ӯро шадидан куфт ва сипас бо корд ду маротиба ба қисмати дилаш зарба расонд, ки ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт", - омадааст дар хабар.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ду ҳодисаи куштор тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала