Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Кор мехоҳӣ - ваксин гир: шарти Русия барои фаъолияти муҳоҷирон дар сохтмонҳо

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузаштан ба хазинаи аксРабочие во время строительства, архивное фото
Рабочие во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Марат Хуснуллин мегӯяд, шарти мо ба муҳоҷирони меҳнатӣ ин гирифтани ваксин аст. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки муҳоҷирон ин шартро қабул мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ширкатҳои сохтмонӣ дар Русия омодаанд муҳоҷирони меҳнатиро алайҳи коронавирус эм кунанд, гуфт Марат Хуснуллин муовини сарвазир дар мусоҳиба бо "Россия - 24".
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳукумати Русия мақомоти марбутаро вазифадор намудааст, то ҳамаи коргаронро бо ваксин таъмин кунанд.
Депорт манъ, “афв” то сентябр, тамдид то июн: шарҳи ҷузъиёти фармони нави Путин - видео
Ӯ илова намуд, ки Русия омода аст ҳамаи муҳоҷироне, ки аз хориҷ ворид мешаванд, алайҳи ин беморӣ эм кунад. Ба таъкиди ӯ, ҳоло ширкатҳои сохтмонӣ ҳам ба маблағгузорӣ ва ташкили эмгузаронии коргарон изҳори ҳавасмандӣ намудаанд.
"Худи коргароне, ки аз Белорус, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон вориди Русия мешаванд, бисёр мехоҳанд дар ин ҷо кор кунанд ва маош гиранд. Ҳоло шарти мо ҳамин мешавад, ки агар кор хоҳӣ пас ваксин гир. Умедворем, ки муҳоҷирон шарти моро қабул мекунанд", - афзудааст Хуснуллин.
Бояд гуфт, ки дар давраи пандемия Русия ба норасоии шадиди муҳоҷирони меҳнатӣ рӯбарӯ гардид, алахусус ин мушкилот ба бахши сохтмон зарба зад. Дар робита ба зарурати ҷалби муҳоҷирон, музди меҳнат дар соҳаи сохтмон хеле афзудааст.
Ҳарчанд вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ идома дорад, лекин то ҳол мушкили ин соҳа ҳали худро пайдо накардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала