Зокирзода ба вакилон медал дод

© Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ба як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон медал дод
Маҳмадтоир Зокирзода ба як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон медал дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Медалҳои ҷашнии "Ифтихорномаҳои фахрӣ"-и Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба вакилон тақдим шуданд
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба вакилон медалҳои ҷашнӣ тақдим кард. Дар ин бора дафтари матбуоти ин ниҳод гузориш медиҳад.
Медалҳои ҷашнии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба вакилон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум супурда шуданд.

"Маҳмадтоир Зокирзода ба як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон медалҳои ҷашнӣ ва "Ифтихорномаҳои фахрӣ"-и Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро тақдим намуд", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Дар ҷаласа вакилон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ", Дар бораи Суди конститутсионӣ", лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, лоиҳаи Қонун "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амнияти нақлиётӣ" баррасӣ гардид.
Глава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Зокирзода бо даъвати Қайсар ба Покистон рафт
Ҳамчунин дар бораи мактубҳои табодулӣ оид ба татбиқи лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин лоиҳаи Қонун "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии сейсмикӣ", лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" дар ин ҷаласа баррасӣ шуд.
Зокирзода гуфт, парлумон ҳама иқдоми сафири Фаронсаро дастгирӣ мекунад
Масъалаҳои мазкурро масъулини соҳа-раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода, вазири рушди иқтисод Завқӣ Завқизода, вазири нақлиёт Азим Иброҳим, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва дигарон муаррифӣ намуда, дар интиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0