Даст ба даст: гурӯҳи “Авангард” бо милитсия тартиботи ҷамъиятиро дар Кӯлоб назорат карданд

© Zaynidinov Azam\FacebookГруппа Авангард в городе Куляб
Группа Авангард в городе Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Ҳудуди 300 ҷавони аъзои гурӯҳи “Авангард” дар пешвози Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ иштирок доштанд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тавре дар гуруҳи Фейсбукии вилояти Хатлон навишта шудааст, ҷавонони гурӯҳи "Авангард"- и шаҳри Кӯлоб ва дастгоҳи марказии гурӯҳ дар тартиботи ҷамъиятӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва қабули Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб иштирок карданд.
Гуфта шудааст, ки зиёда аз 300 нафар ҷавонони гурӯҳи "Авангард"-и шаҳри Кӯлоб ва дастгоҳи марказии гурӯҳ дар тартиботи ҷамъиятӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва қабули президент дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз аст, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон ҳузур дорад.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Вазорати адлияи Тоҷикистон эълон кард, ки фаъолияти гуруҳи “Авангард” таҳти омӯзиши ин ниҳод қарор гирифтааст.
Молодёжная движения Авангард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Талоши “Авангард” барои зиёд намудани шумораи аъзоёни гурӯҳ
Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, то кунун гурӯҳи “Авангард” барои сабти ном шудан ба Вазорати адлия муроҷиат накардааст.
Вай афзуд, ки ҳаракати ҷамъиятии мазкур расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки Вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро таҳти таҳлил қарор додааст.
“Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем", - гуфт муовини вазир.
Ба таъкиди ӯ, дар Вазорати адлия он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба Вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд.
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Қонунист? Вазир дар бораи таҳқиру хоингӯиҳои аъзои “Авангард” ва фаъолияти бидуни сабт
“Авангард”, ба навиштаи сомонаи гуруҳ, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.
Маводе, ки ин гуруҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд бештар сиёсӣ ҳастанд. Тарафдорони ин гӯруҳ бештар ба “маҳкум кардани ҲНИТ”, ё “муроҷиат ба Олмон барои баргардондани террористон” машғуланд. Онҳо ин рафтори худро ҳамчун “ҳимояи манфиатҳои давлат” арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала