Бонуи эронӣ дар чемпионати Осиё оид ба таэквандо соҳиби медали тилло гашт

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузаштан ба хазинаи аксСоревнования по таэквандо , архивное фото
Соревнования по таэквандо , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Дар нахустин таҷрибаи ширкат дар мусобиқаҳои категорияи синну соли калонсолон, намояндаи таэквондои Эрон дар вазни минуси 46 кило дар чемпионати Осиё бо шикаст додани ҳамаи рақибонаш медали тилло ба даст овард
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Бисту чаҳорумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё -2021 –и Лубнон бо ҳузури 189 таеквандокор аз 21 кишвар аз рӯзи чаҳоршанбе дар Бейрут оғоз ва ба муддати 3 рӯз идома хоҳад дошт, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Нигори Исмоилӣ бонуи таеквандогари Эрон бо ғалаба бар тамомии ҳарифони худ бо шойистагӣ бар шоҳҷоизаи қаҳрамонии Осиё истод.
Нигори Исмоилӣ, ки барои нахустин бор аст ҳузур дар мусобиқоти бузургсолони Осиёяро таҷриба мекунад дар аввалин дидор бо Зиёда Иримато аз Қазоқистон мубориза кард ва 29 бар 9 ба бартарӣ расид. Пас аз он вай дар баробари варзишгари Филиппин Вероника Гарсес дорандаи медали биринҷии чемпионати Осиё байни наврасон қарор гирифт ва 22-4 пирӯз шуд.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2018
Варзишкорони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Қазоқистон соҳиби ду медал гаштанд
Варзишгари эронӣ (минуси 46 кг) дар даври ниманиҳоӣ Шохсанам Азмова аз Узбакистонро бо ҳисоби 28-7 мағлуб кард ва финалист шуд.
Дар даври ниҳоӣ, Нигор инчунин Ми Рео Канг, намояндаи Кореяи Ҷанубӣ, қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё байни ҷавононро бо натиҷаи 31-9 мағлуб кард, то медали тиллоро ба гарданаш биовезад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала