Боздошти Солиев - муовини пешини раиси дастгоҳи президенти Қирғизистон

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузаштан ба хазинаи аксНаручники висят на дверной ручки.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Тибқи иттилои КДАМ, Солиев аз сарпарастии Жээнбеков истифода бурда, ба кори низоми судӣ ва мақомоти давлатӣ дахолат карда, буҷаи давлатро ғорат кардааст
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Муовини собиқи раиси дастгоҳи президенти Қирғизистон Алмамбет Солиев боздошт шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Вай дар ғорати моли давлат гумонбар дониста мешавад, менависад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хабари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Солиев аз сарпарастии собиқ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков истифода бурда, ба кори низоми судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ фаъолона дахолат карда, манфиатҳои сохторҳои хусусиро бар зарари манофеи давлатӣ роҳандозӣ мекардааст.
Парламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Тошиев ба собиқ президентҳои Қирғизистон аз боздошт ҳушдор дод
"Инчунин муайян карда шуд, ки Солиев ҳангоми кор дар як идораи давлатӣ дороиҳои амволи бо даромади расмии худ муқоисанашавандаро тавассути сабти ном дар шахсони вобаста ба даст овардааст. Ӯ маблағи зиёдеро, дар сохтмони бинои баландошёна сармоягузорӣ кардааст", - омадааст дар изҳороти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Хадамоти матбуот қайд карда, ки тафтишот оид ба муайян кардани тамоми амволи молиявии Солиев идома дорад.
Ӯ тибқи моддаи 323 "Дороии ғайриқонунӣ" -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон гунаҳкор дониста мешавад ва дар боздоштгоҳи муваққатии СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор дорад.
Солиев аз соли 2017 то 2020 ба ҳайси муовини роҳбари раиси дастгоҳи президент кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала