Боздошти тоҷикистонӣ барои тарғиби терроризм дар Русия

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Зодаи Тоҷикистон барои тарғиби аъмоли террористӣ боздошт шуду ба гуноҳаш иқрор кард
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Зодаи Тоҷикистон бо гумони ташвиқ ба амалҳои террористӣ боздошт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ФСБ дар Хакасия.
Тибқи иттилои манбаъ, боздоштшуда дар байни муҳоҷирони дигар ба таблиғи фаъолияти ташкилоти байналмилалии террористӣ "Катиба - Тавҳид Вал-Ҷиҳод (мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) машғул будааст.
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2021
Додгоҳи Тоҷикистон муҳоҷири меҳнатиро барои тарғиби Салафия равонаи зиндон кард
Инчунин хабар дода мешавад, ки ӯ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳеро барои дастгирии созмони террористӣ таъсис дода ва тавонистааст, ки панҷ ҳазор ҳамвандро ба он пайваст кунад.
Ин мардро мутобиқи қисми 2 моддаи 205.2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ("Даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ва таблиғи терроризм"), барои бурдани тафтишот ду моҳ ҳабс карданд.
Верующий на намазе в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2018
Афзоиши диндорӣ ва коҳиши тарғиби дунявият: генерал Умаров 5 сабаби ифротгароиро ном бурд
ФСБ инчунин хабар медиҳад, ки боздоштшуда ба гуноҳаш иқрор шудааст ва ҳангоми кофтукови хонаи ӯ, матнҳои таблиғотии фаъолиятҳои террористӣ, алоқаи электронӣ ва васоити электронӣ ёфт шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала