Дастури Раҳмон барои кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа дар Хатлон ва вазифа ба Бонки миллӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмона
Президент Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Обуна шудан
Президенти кишвар роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хатлонро вазифадор кардааст, ки татбиқи сифатноки барномаву лоиҳаҳои пешбинишударо дар муҳлатҳои муайянгардида иҷро кунанд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар зимни мулоқот бо сокинони Хатлон дар Данғара роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳоро вазифадор кардааст, ки камбудиҳои дар самти иҷроиши буҷет ҷойдоштаро сари вақт бартараф намоянд.
Ҳамзамон масъулин муваззаф шудаанд, ки барои рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, иҷрои нақшаи андоз, афзоиши даромади буҷет ва баланд бардоштани шаффофияту самаранокии хароҷоти он тадбирҳои зарурӣ андешанд, хабар додааст котиботи президент.
Открытие новых филиалов в центральной больнице Ховалинского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара бемористон ифтитоҳ кард
Президент ҳамчунин ҷиҳати кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ва қарзи корхонаҳо, идораи босамари амволи давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим супориш додааст.
Ба гуфтам роҳбари давлат, давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби низоми бонкӣ дар ҳудуди вилоят 849 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236 миллион сомонӣ ё қариб 37 фоиз зиёд мебошад.
Аммо раисиҷумҳур инро нокифоя хонда, Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро вазифадор кардааст, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, алалхусус, ба бахши истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Вобаста ба нишондиҳандаҳои воқеии соҳаи саноати вилоят ва барои таъмин намудани ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар, Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарону масъулини соҳа, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо андешидани чораҳои қатъӣ ва фавриро талаб кардааст.
Лентаи хабарҳо
0