Ҳавошиносон: дар шарқи ВМКБ барфу борону дар Суғд ва НТМ раъду барқ мешавад

© Фото : Из личного архива Л.ЗайдуллоевойПрирода ГБАО
Природа ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар шарқи ВМКБ барфу борону дар Суғд ва НТМ раъду барқ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят бориши борон ва барф дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои водибуда бориши сусти борон ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Люди гуляют по парку во время дождя   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Ҳавошиносон: борон меборад ва серун мешавад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво шабона 19+21 ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала