Маҳдудиятҳо дар шаҳри Бишкек: авҷи сироят ба коронавирус дар Қирғизистон

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкСитуация в связи с коронавирусом в городах России
Ситуация в связи с коронавирусом в городах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон шуруъ аз имрӯз маҳдудиятҳо коронаӣ ҷорӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории шаҳри Бишкек, дар пойтахти Қирғизистон шуруъ аз 17-уми июн фаъолияти муассисаҳои дилхушӣ ва тарабхонаҳо маҳдуд мешавад.
Шаҳрдорӣ иттилоъ додааст, ки клубҳои шабона, тарабхонаҳо, каҳвахонаҳо ва дигар муассисаҳои дилхушӣ аз соати 23 то 7 субҳ баста мешаванд.
Таъкид шудаааст, ки ин маҳдудиятҳо то беҳшавии вазъи беҳдоштӣ дар Бишкек давом хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ки таи чанд рӯзи ахир дар Қирғизистон якбора омори гирифторон ба COVID-19 якбора афзоиш ёфтааст.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Қирғизистон чор навъи нави коронавирус ошкор шуд
Танҳо санаи 16 июн дар Қирғизистон 647 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда буд.
Вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки дар кишвар мавҷи севуми вируси корона идома дорад. Мавҷи дувумро Қирғизистон тирамоҳи соли 2020 пушти сар карда буд.
Дар умум дар Қирғизистон 111 990 ҳолати гирифторӣ ва 1912 ҳолати марг аз вируси корона сабт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0