Нигаронии дабири кулли СММ аз коҳиш ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирон

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкОплата банковской картой, архивное фото
Оплата банковской картой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Обуна шудан
НовостиTelegram
Антонио Гутерриш қайд кард, ки пандемия инчунин бартариҳои муҳоҷирони кориро нишон дод
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар паёме ба Рӯзи байналмилалии интиқоли пули оилавӣ аз бӯҳрони эҳтимолии оилаҳои муҳоҷирон изҳори нигаронӣ кард.
Вай қайд кард, бисёре аз таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки бӯҳрон ҳангоми пандемия метавонад ба интиқоли маблағҳо ва оилаҳое, ки ба онҳо такя мекунанд, таъсири манфӣ расонад.
Гутерриш аз он шод буд, ки интиқоли маблағҳо хеле устувор ва боэътимод аст.
Купюры разного номинала и разной валюты. Рубли и евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия дар охири соли 2020 коҳиш ёфт
Аммо, тибқи омори Бонки Ҷаҳонӣ, интиқоли пул ба кишварҳои даромади кам ва миёна дошта дар соли гузашта 1,6% коҳиш ёфта, ба 540 миллиард доллар расид.
Дабири кулли СММ қайд кард, сабабҳои зиёд вуҷуд доранд, ки чаро интиқолҳо бештар коҳиш наёфтанд.
Яке ин аст, ки муҳоҷирон эҳтиёҷоти оилаҳои худро тавассути кам кардани истеъмоли шахсӣ ва истифодаи пасандозҳои худ афзалият медиҳанд.
"Дар оянда, мо бояд саъйи худро барои дастгирӣ ва ҳимояи муҳоҷирон идома диҳем, ки тавре дар давраи пандемияи COVID-19 маълум гашт - дар пешниҳоди хадамоти асосӣ ва фаъолияти иқтисод дар маҷмӯъ дар бисёр кишварҳо нақши муҳим мебозанд”, - иқтибос меорад Хадамоти матбуоти СММ суханони Гутерришро.
Дабири кулли СММ ба талошҳо барои коҳиш додани хароҷоти интиқоли пулӣ бо мақсади мусоидат ба ҳамгироии молиявии муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0