Парвози баланд: қурби рублро то тирамоҳ чӣ интизор аст

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонеты номиналом один рубль.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Иқтисоддони рус Руслан Пичугин гуфт, ки қурби пули Русия имсол то чӣ андоза баланд мешавад
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Беш аз 2 моҳ мешавад, ки рубл нисбат ба доллар ва евро устуворӣ нишон медиҳад.
Тавре муассиси Гурӯҳи Frendex, Руслан Пичугин дар мусоҳиба бо "Российская газета" қайд кард, ҳамаи омилҳои тақвияти рубл хусусияти миёнамӯҳлат доранд.
Ҳамин тавр, 15 июн дар Русия як давраи дигари андозбандӣ оғоз ёфт, ки авҷи он ба рӯзи 25 рост меояд.
6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон
"Дар чунин давраҳо, рубл, чун қоида, мустаҳкам мешавад, агар барои суст шудани он омилҳои муҳимтаре набошанд", - гуфт иқтисоддон.
Таҳлилгар инчунин диққатро ба афзоиши устувори нархи нафт дар ҳафтаи 4-ум пай дар пай ҷалб кард: Brent бо нархи 74,73 доллар ва WTI бо нархи 72,83 доллар хариду фурӯш мекунад.
Илова бар ин, интизориҳои барқароршавии талабот дар сатҳи ҷаҳонӣ ба сатҳи пеш аз пандемия ва маълумот дар бораи коҳиш ёфтани захираҳои нафти ИМА ба рубл таъсири мусбат мерасонанд.

"Дар ин вазъ, рубл барои тақвият ёфтан дар давраи миёнамуҳлат тамоми имкониятҳоро дорад", - гуфт иқтисоддон.

Тибқи пешгӯии таҳлилгар, то охири тобистон доллар метавонад то 68 рубл коҳиш ёбад ва евро то 85 рубл арзон гардад. Ба гуфти ӯ, сиёсати пулию қарзии Бонки марказии Русия метавонад ба тақвияти рубл мусоидат кунад.
"Бонки марказии Федератсияи Русия хуб медонад, ки таваррум ҷузъи калони асъор дорад ва бидуни тақвияти рубл бо он мубориза бурдан номумкин аст. Дар натиҷа, рубл минбаъд низ тақвият хоҳад ёфт", - хулоса кард коршинос.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала