Сокини пойтахт мехоҳад 130 ҳазор долларашро баргардонад: қарз додааст

© Pixabay / Доллары
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Обуна шудан
Сокини пойтахт 130 ҳазор доллари худро ба марде барои равнақи тиҷорат қарз додаасту, охирӣ онро барнагардондааст
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сокини 35-солаи шаҳри Душанбе барои бозгардонии маблағи ҳангуфташ, ки соли гузашта ба марде қарз додааст, ба милиса муроҷиат кард.
Ӯ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза муроҷиат намуда, аз ваъдахилофии марде, ки 130 ҳазор долларашро соли гузашта гирифта буд, шикоят намуд.
"Моҳи декабри соли 2020 дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе, ба бовариаш даромада, бо баҳонаи равнақ додани тиҷорат аз ӯ 130 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
На чипта хариду на пулро гардонд: боздошти зани 45 - сола бо иттиҳоми қаллобӣ
Ҳамчунин, ин ниҳод аз боздошти сокини 18-солаи ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин ноҳия хабар медиҳад.
Ин ду ҷавон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки онҳо рӯзи 11-уми июн тахминан соати 23:00, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили худрави "Опел-Астра", 1-адад ноутбук ва 1-адад айнаки мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Зане, ки савори “Ренҷровер” дар Душанбе мегашт, ба қаллобӣ айбдор шуд
Тибқи иттилои манбаъ, ин худрав ба марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи мазкур тааллуқ доштааст.
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 560-сомонӣ ҳисоб карда шудааст. Вазорат мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0