Вазорати нақлиёт дар роҳҳои Тоҷикистон 255 аломатҳои нав насб мекунад

© Минтранс РТНовые дорожные знаки
Новые дорожные знаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – ағбаи Кулма ба МДНРА – ҳои ш.Ваҳдат, н.Данғара, н.Ванҷ, н.Рушон, н.Шуғнон, минтақаи Ғунд ва н.Мурғоб дар ҷойҳои лозима аломатҳои навнасб хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сразу из нескольких поликлиник Душанбе поступили жалобы от врачей Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ба мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба вазорати нақлиёт аломатҳои нав тақдим карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Насли ҷавони Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилаллии “Хазинаи бехатарии роҳ” ва “Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор” 235 адад аломатҳо ба вазорати нақлиёт тақдим карда шуд.
Ремонт дороги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Муроҷиати сокинон ба шаҳрдори Хуҷанд дар бораи харобии роҳ: биёеду бубинед – акс
Гуфта шудааст, ки аломатҳои мазкур 1.11.1 ва 1.11.2 “Гардиши хатарнок”, дар асоси шартномаи басташуда ба Вазорати нақлиёт пешниҳод шудааст.
Манбаъ қад кардааст, ки 255 адад аломати дастрасгардида дар асоси супориши Вазири нақлиёти Тоҷикистон барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – ағбаи Кулма ба МДНРА – ҳои ш.Ваҳдат, н.Данғара, н.Ванҷ, н.Рушон, н.Шуғнон, минтақаи Ғунд ва н.Мурғоб дастрас карда шуда дар ҷойҳои лозима насб карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала