Абдурозиқ аз мағлуб кардани Хасбулло то орзуи мошини махсусу роҳати падар гуфт - навор

© Youtube / Асхаб ТамаевТаджикский певец и блогер Абдурозик во время пресс-конференции с российским блогером Хасбиком
Таджикский певец и блогер Абдурозик во время пресс-конференции с российским блогером Хасбиком  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Абдурозиқ мегӯяд, дар суханварӣ ва ҳамзамон хобондани даст аз Хасбуллои доғистонӣ бартарии бештар дошт
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Овозхон ва ҳамзамон блогери муваффақи тоҷик, Абдурозиқ дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и Орзу Исоев аз набарди худ бо ҳамтои доғистонияш - Хасбик ва дастгирии тоҷикистониёни берун аз ватан ва ҳамчунин аз орзуву ниятҳо худ қисса кард.
Абдурозиқ мегӯяд, одами оромтабиат аст ва танҳо як маротиба дар зодбуми худ бо кӯдакони деҳа вориди муноқиша ва сангзанӣ шуд.
Пас аз он дигар ҷангу занозанӣ накардааст.
Ӯ иқрор шуд, ки аснои сӯҳбати рӯбарӯ бо Хасбик, ки блогери доғистонӣ Асхаб Тамаев онро баргузор кард, сахт асабонӣ шуд.
"Суханҳои дағал ва кӯдакбозиҳои Хасбик маро асабӣ кард, Гуфтам маро сар диҳед то ин кӯдакро пора кунам", - бо табассум ба ёд овард Абдурозиқ.
Феълан маълум нест, ки муҳорибаи Абдурозиқ ва Хасбик баргузор шуд ва ё на. Худи Абдурозиқ мегӯяд, ӯ дар суханварӣ ва хобондани даст ҳарифашро мағлуб кард, аммо нагуфт, ки ҷанги тан ба тани онҳо баргузор шуд ё хайр.
Ин блогери тоҷик аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ҳоло бори вазнини падарашро сабук намудааст.
"Замоне мо роҳат мекардему падар дар азоб буд, ҳоло вақте он расид, ки падар истироҳат кунаду, мо меҳнат кунем", - бо фараҳмандӣ изҳор доштааст Абдурозиқ.
Таджикский особенный мальчик- певец Абдурозик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Интизори набард: Абдурозиқ навор нашр карду интиқод шунид - видео
Ба суоли журналист, ки оё Абдурозиқ хоҳишманди мустақилона рондани мошин ҳаст ё на, блогер ҷавоб дод, ки албатта сахт орзуи рондани нақлиётро дорад, вале аз сабаби кӯтоҳ будани пойҳояш ин кор барои ӯ ғайриимкон аст.
Аммо Абдурозиқ аз ин афсурда нест. Ӯ гуфт, дар оянда ҳатман мошинеро фармоиш медиҳад, ки ҷавобгӯ ба вазъи ҷисмонидоштаи ӯ бошад.
Илова бар ин, блогери ҷавон ба кулли тоҷикистониёне, ки берну аз ватан қарор доранд изҳори миннатдорӣ намуд.
Зеро ӯ дар Маскав ва худи Доғистон ҳам дастгирии ҳамватанони худро эҳсос мекард ва аз ин чиз бисёр хушнуд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Абдурозиқ барои доир намудани муҳориба бо ҳамсолу ҳамвазни худ Хасбулло ба Доғистон рафт ва сӯҳбати рӯбарӯи онҳо дар шабакаи Youtube ба яке аз сербинандатаринҳо табдил ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала