Амонзода дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ гуфт, барои бунёди бинои Литсей маблағ пайдо кунед

© акс аз саҳифаи фейсбукии Ширин АмонзодаШирин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Ширин Амонзода дар ноҳияи Шуғнон аз бинои нотамоми Литсейи касбии техникӣ дидан намуда, ба масъулон супориш дод, ки барои ба анҷом расондани сохтмон маблағ пайдо кунанд
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад.
Котиботи раиси ин вилоят менависад, Ширин Амонзода ҳамроҳ бо раиси вилоят Ёдгор Файзов аз ноҳияи Шуғнон боздид ба амал оварданд.
Вазири меҳнат аз ҷумла бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Шуғнон шинос шуд. Ин Агентӣ бо харҷи маблағи Вазорати меҳнат бунёд мешавад ва ҳамчун иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, Амонзода ба масъулон ва фармоишгари сохтмон супориш дод, ки корҳои сохтмонӣ бояд босифат ва дар мӯҳлати муайяншуда ба итмом расонида шаванд.
Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Ширин Амонзода шахсан аз рафти сохтмони иншоот дар ноҳияи Дӯстӣ дидан кард
Ҳамзамон, Ширин Амонзода аз фаъолияти Литсейи касбии техникии ноҳия дидан ба амал овард.
Зимни шиносоӣ бо фаъолият ва раванди таълим дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон, Амонзода масъулини муассисаро барои омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хизматрасонӣ даъват намуд.
Гузашта аз ин, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои нотамоми Литсейи касбии техникӣ дидан кард ва масъулини Вазоратро вазифадор намуд, ки барои дарёфти манбаҳои маблағгузорӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва грантӣ барои аз нав бунёд намудани бинои таълимии Литсей чораҷӯӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала