Бозори "Садовод" дар Маскав "минагузорӣ" шуд: пулис ҷустуҷӯ дорад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксКинолог с собакой , архивное фото
Кинолог с собакой , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Феълан хадамоти оперативӣ дар бозори "Садовод" ба санҷиш шурӯъ намудааст. Мардумро ҳоло аз бозор кӯч надодаанд
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Бозори "Садовод" дар ҷанубу шарқи Маскав пас аз паёми беном дар бораи минагузорӣ шудани ин маркази бузурги савдо тафтиш карда мешавад, менависад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло тасмими кӯч додани мардум аз бозори мазкур гирифта нашудааст.

"Мо дар бораи таҳдиди таркиш дар бозори "Садовод" дар километри 14-уми роҳи ҳалқаи Маскав маълумот гирифтем", - менависад манбаъ аз қавли хадамоти фаврии Маскав.

Ҳоло мутахассисони хадамоти оперативӣ ба санҷиш шурӯъ кардаанд. Берун овардани кормандону меҳмонони бозор сурат нагирифтааст.
На станции метро Охотный ряд в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Таҳдиди таркишҳо дар Маскав: "ҳамаи метро, вокзалу фурудгоҳҳо минагузорӣ шуданд"
Бозори "Садовод", ки яке аз калонтарин бозорҳои Маскав аст, ба ширкати "Киевская Плошад", "Года Нисанов" ва "Зарах Илиев" тааллуқ дорад.
Он дар роҳи ҳалқаи Маскав дар масоҳати 40 гектар ҷойгир аст ва 8000 мағозаро дар бар мегирад.
Теъдоди фурӯшандаҳои тоҷик ва ҳамзамон харидорони тоҷикистонӣ дар ин бозор кам нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала