Дар Душанбе 501 ронандаи мошинҳои боркашро ҷарима карданд - навор

КамАЗы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Дар баробари ронандаҳо ҳамчунин чандин роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ низ ҷаримабандӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Дар Душанбе нисбати 501 ронандаи мошинҳои боркаш протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд, хабар медиҳад Раёсати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи ин ронандаҳо дар ширкатҳои сохтмонӣ фаъолият мекунанд.
РВУД дар шаҳри Душанбе навореро нашр намудааст, ки дар он қоидавайронкунии ронандаҳои мошинҳои боркаш нишон дода шудааст.
Зикр гардид, ки ин ронандаҳо баробари беаҳамиятии худ ба зуд вайрону валангор шудани роҳҳои нақлиётгарди пойтахт оварда мерасонанд.
Манбаъ меафзояд, ронандаҳое, ки ҷаримабандӣ шуданд, қоидаҳои боркашониро умуман риоя намекунанд.

"Ҳаракат бо мошинҳои ифлос, кашонидани борҳои пошхӯранда бе пардаи муҳофизатӣ, ифлос намудани қисми мошингарди роҳ, худсарона забт намудани роҳи пиёдагузар", - аз қоидавайронкуниҳое мебошанд, ки ронандаҳои ҷаримабандишуда ба он даст задаанд.

Илова бар ин, нисбати роҳбарони чандин ширкатҳои сохтмонӣ низ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Гуфта мешавад, роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ худсарона роҳҳои мошингузару пиёдагардро вайрон намуда, онро ба ҳолати аввалия барнамегардондаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала