Ҳабиб ба Головкин маслиҳат дод, ки блогерҳоро кӯбад ва пул кор кунад

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузаштан ба хазинаи аксБоец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Паҳлавони шинохтаи ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар Алмаато нишасти матбуотӣ доир кард ва он ҷо ба ҳайси меҳмон дар мусобиқаи ҳунарҳои размии омехта ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Варзишкори ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар ин назар аст, ки муштзани қазоқ Геннадий Головкин бояд карераи варзишии худро ба поён расонад.
Дар нишасти матбуотӣ дар Алмаато аз Ҳабиб пурсиданд, ки ӯ ояндаи Головкини 39-соларо чӣ гуна мебинад? Вай қайд кард, ки бо Геннадий Головкин ошно буд ва танҳо як бор мулоқот кардааст.
"Фикри ман: вай дар соли 2004 дар Олимпиада дар финал буд ва ҳоло соли 2021 аст - қариб 20 сол сипарӣ шуд. Ӯ метавонад як ҷанг карда, пул кор кунад, ба истилоҳ барои замони пирӣ ва тамом. Ин аст маслиҳати шахсии ман", - гуфт Ҳабиб Нурмуҳаммадов.
Вай инчунин қайд кард, вақте синну соли одам аллакай аз 35 боло аст, набояд бо чунин намуди варзиш машғул шавад, алахусус дар вазнҳои сабук.
Сабқати Чарлз Оливейра ва Майкл Чандлер: қаҳрамони нави UFC маълум шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Ба ҷои Ҳабиб: Қаҳрамони нави UFC маълум шуд - видео
"Вай оила дорад, ҳаёт дар пеш аст, тиҷорат, бояд ҳаракат кунад. Бокс як намуди варзиши хатарнок аст. Агар дар MMA шумо ҷароҳатҳои мушакӣ бардоред, пас дар муштзанӣ метавонад саратон мушкилот дошта бошад", - гуфт ӯ.
"Маслиҳати бародаронаи ман ин аст, ки як ду бори дигар барои кор кардани пул вориди ринг шавад. Метавонад блогерҳоро бизанад, шумораи онҳо камтар мешавад ва пул кор кунад. Бо чунин шербачаҳо мисоли Канело, ки 27 -30-солаанд ва дар авҷи карераи худ ҳастанд, мубориза бурдан арзиш надорад. Вай аллакай легенда аст. Новобаста аз он ки ӯ Канелоро шикаст медиҳад ё хайр, мероси ӯ боқӣ хоҳад монд", - хулоса кард Ҳабиб Нурмуҳаммадов.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала