Ҳалокати як корманди сафорати ИМА дар Кобулу омори ахири коронавирус

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксЛечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Дар сафорати ИМА дар Кобул авҷи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Бар асари он як корманди маҳаллии сафорат фавтидааст
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 178 миллиону 207 ҳазору 776 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун 3 миллиону 858 ҳазору 077 нафар ҷон бохтаанд.
Танҳои шабонарӯзи гузашта боз 187 104 нафар сироят шуда, 4 911 нафар фавтиданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ИМА, Ҳинд ва Бразилияро се кишваре медонад, ки аз ҳама бештар мубтало ба коронавирус доранд.
Агентии аврупоии доруворӣ то ба имрӯз 405 лахтишавии хунро баъди истифодаи воксинҳои Vaxzevria ва AstraZeneca ба қайд гирифтааст.
Пассажиры на станции метро Комсомольская в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Кремл сабаби авҷи коронавирус дар Русияро шарҳ дод
Дар Фаронса 25,4% сокинон зидди коронавирус пурра эм шудаанд ва ин боиси коҳиши чашмгири сирояти шабонарӯзӣ ба ин вирус шуд.
Шабонарӯзи гузашта дар Туркия боз 5904 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ 71 тан ҷони худро аз даст доданд.
Вазорати тандурустии Эрон эълон кард, ки шумори фавтидагон аз КОВИД-19 дар ин кишвар ба 82 480 нафар расидаву шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ 129 нафар ҷон бохтанд.
Дар Маскав давоми як рӯз 9 000 нафар олудаи коронавирус шуданд
"Дар сафорати ИМА дар шаҳри Кобул авҷи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он як корманди маҳаллии намояндагии дипломатии ин кишвар фавтидааст", - омадааст дар гузориши КҲФ Тоҷикистон.
Шумори сироятшудагон ба COVID-19 дар Русия зарфи шабонарӯзи гузашта 14 057 афзуда ба 5 264 047 нафар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала