Мирзиёев духтареро, ки дар васфи ӯву Раҳмон шеър хонд, қадрдонӣ кард

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонНаврӯза Мамирова, ровии телевизиони Муғд бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзёев ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯза Мамирова, ровии телевизиони Муғд бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзёев ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Обуна шудан
Наврӯза Мамирова дар ҳузури раисҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар васфи онҳо шеъри ширу шакар хонда буд
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Шавкат Мирзиёев як духтари тоҷикистонӣ, ровии телевизиони вилоятии Суғд Наврӯза Мамироваро, ки ҳангоми сафараш ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар васфаш шеър хонда буд, қадрдонӣ кардааст.
Дар ин бора блогер ва рӯзноманигори тоҷик Озод Мелибоев дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.
Бино бар иттилои вай, ба Наврӯза аз тарафи Ҳукумати Ӯзбекистон нишони сарисинагии "Ӯзбекистон белгиси" ва туҳфаи президенти Ӯзбекистон супорида шуд.
Нишон ва тӯҳфаҳоро сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов пас аз як ҳафтаи сафари Мизиёев ба Тоҷикистон ба Мамирова супурдааст.
Ҳамчунин дар маросими супурдани он муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, адибон, рӯзноманигорон, ректорони мактабҳои олӣ ва пайвандони ин Наврӯза ҳузур доштанд.
Ёдрас мешавем, раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи барномаи кории худ 11 июн бо зиёиёни ду кишвар дар Қасри маданияти “Арбоб” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот оростанд.
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Шеърхонии Наврӯза Раҳмону Мирзиёев ва аҳли толорро аз ҷой хезонд – видео
Дар ин мулоқот Наврӯза Мамирова, муҳаррир ва барандаи телевизиони вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ кард.
Сӯханронии ӯ аз дигарон бо он фарқ дошт, ки ҳам тоҷикӣ буду ҳам ӯзбекӣ.
Қироати мисраъҳои як шеър бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар васфи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ин ду президентро ба ваҷд овард, онҳо ва ҳама аҳли толор аз ҷой хестанд ва кафкубӣ карданд.
Шавкат Мирзиёев гуфт, хушбахтии оила аз табъи зан вобаста аст
Аз аксҳое, ки хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонидаанд, дида мешавад, ки баъди анҷоми мулоқот президентҳо ба назди муҳаррир ва барандаи ТВ Суғд омада, ба маҳорати шеърхонияш аҳсану офарин хонданд.
Субҳи 11 июн Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафараш ба Тоҷикистон аз Душанбе ба Хуҷанд рафт. Ин аввалин сафари ӯ ба ин шаҳри шимоли Тоҷикистон гуфта мешавад. Ӯро дар ин сафараш раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0