Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021 ба Миср рафт

© ФФТМолодежная сборная Таджикистан
Молодежная сборная Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Дар ин мусобиқа миллипӯшони кишвар нахуст бо яккачинҳои Марокаш, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷибути рақобат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон даъвати нав (футболбозони соли таваллудашон 2003 ва хурдтар) имрӯз ба Миср барои иштирок дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021 рафт.
Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) Аҳлиддин Турдиев 23 бозигарро бо худ ба Қоҳира бурд - 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сутуни асосии дастаи ҷавононро динамочиёни Душанбе ташкил медиҳанд, ки 15 бозигар аз ин тим мебошад.
Ба яккачини кишвар ду легионер нимҳимоятгар Амадони Камолов ("Райо Маҳахахонда", Испания) ва ҳамлагар Муҳаммадалӣ Азизбоев ("Металлург" Ӯзбекистон) даъват шудаанд.
Национальная сборная Таджикистана по Футболу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Чор гол нарасид: Тоҷикистон аз сабқат барои ширкат дар Ҷоми Ҷаҳон канор монд
Тибқи иттилои манбаъ, дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бозӣ мекунад, ки рақибонаш дастаҳои Марокаш (20 июн), Аморати Муттаҳидаи Араб (23 июн) ва Ҷибути (26 июн) мебошанд.
Дар маҷмӯъ, дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021, ки ба чор гурӯҳ тақсим шуда буданд, 16 дастаи ҷавонон ширкат меварзанд.
Дар охири марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба плей-офф роҳ меёбанд. Дар сурати ба чорякфинали мусобиқа баромадан, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) яке аз дастаҳои гурӯҳи "А" - Миср, Нигер, Мавритания ё Алҷазоирро ҳамчун рақиб қабул мекунад.
Гуфта мешавад, бозии ниҳоии Ҷоми миллатҳои Араб 2021 байни дастаҳои ҷавонон (U-20) рӯзи 6 июл ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала