Ягона зани ҳавонаварди "Сомон Эйр" нахустин бор аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон парвоз кард

© Пресс-служба президента РТВид гор из иллюминатора в самолете, архивное фото
Вид гор из иллюминатора в самолете, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Татяна Афентева ягона зани ҳавонавард дар ширкати "Сомон Эйр" мебошад
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Ягона зан-ҳавонаварди "Сомон Эйр" Татяна Афентева рӯзи ҷумъа нахустин парвози мустақилонаи худро анҷом дод.
Ин бонуи ҷасур ҳамун сарнишини дуюм дар хатсайри мунтазами Душанбе-Тошканд-Душанбе парвоз кардааст.
Татяна аз ҷониби командири ҳавопаймо Шӯҳрат Раҳимов баҳои хуб гирифтааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба ширкати "Сомон Эйр".
Дар бораи фаъолияти Татяна Афентева гуфта мешавад, ки ӯ аз соли 2011 корашро дар ҳавонавардӣ ба ҳайси роҳбалад оғоз намудааст.
Курсантки авиационного училища, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2017
Ҷумҳурии Озарбойҷон барои Тоҷикистон ҳавонавард омода хоҳад кард
Манбаъ афзуда, ки ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Татяна соли 2020 ба сифати сарнишини дуюм пайваст ва то имрӯз парвозҳои таълимиро иҷро мекард.
Татяна пас аз тай кардани роҳи душвори омӯзиш ва таҷрибаҳо феълан, сарнишини ҳирфаӣ мебошад, ки парвозҳои байналмилалиро дар ҳавопаймоҳои Boeing 737 / NG анҷом медиҳад.
"Зимни парвози мустақилонаи худ ҳаяҷон надоштам, парвоз мисли парвозҳои таҷрибаомӯзиам хуб гузашт" – менависад манбаъ аз қавли Афентева.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала