Таъсири бозорҳои Тоҷикистон бошад? нархи бехӣ дар Ӯзбекистон гарон шуд

© Sputnik Торговля морковью на рынке в Худжанде
Торговля морковью на рынке в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Аз ҳама арзиши баланди сабзӣ дар Тошканд аст. Дар ин ҷо як кило бехӣ аз 9 то 13 ҳазор сум фурӯхта мешавад
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Арзиши сабзӣ дар бозорҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ба мисли Тоҷикистон якбора гарон шуд.
Расонаи Uznews аз қавли шаҳрвандон менависад, ки нархи бехӣ онҳоро сахт нигарон намудааст.
Аз ҳама арзиши баланди сабзӣ дар шаҳри Тошканд аст. Сокинони ин шаҳр як кило бехиро бо нархи аз 9 то 13 ҳазор сум харидорӣ мекунанд. Дар Самарқанд бошад нархи ин навъ полезӣ 7-8 ҳазор сумро ташкил медиҳад.
Гаронии нархи сабзӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳолест, ки чанд ҳафта қабл арзиши бехӣ дар Тоҷикистон рекордӣ шуда буд.
Сельскохозяйственная ярмарка в Ялте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Гароншавии сабзӣ: шарҳи роҳбари бозор ва деҳқон
Харидорон мегӯянд, нархи сабзӣ ҳудуди 5 маротиба гарон шудааст.
Қаблан масъулини бозори "Деҳқон" - и шаҳри Душанбе гароншавии нархи сабзиро, ки килояш то 8 - 10 сомонӣ расидааст, шарҳ доданд.
Мастон Шарифов, муовини мудири бозори “Деҳқон”, яке аз сабабҳои асосии гароншавии нархи сабзиро, пеш аз ҳама, дар фасли баҳор нисбатан сарду сербориш омадани ҳаво гуфтааст. Шарифов дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки сардии барзиёд барои афзоиши сабзии нав монеа эҷод кард.
Дар ҳамин ҳол Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши кишти сабзӣ гузориш медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, имсол дар майдони 4738 гектар кишти сабзӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 33 гектар зиёд мебошад.
“Ба ҳолати 21 майи соли равон хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 4310 гектар кишти сабзиро гузарондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 6 гектар зиёд аст. Истеҳсоли сабзӣ ба ҳолати 1 январи соли равон ба миқдори 255491,1 тонна расонда шудааст”, - афзудаст Вазорат.
Дар ҳамин ҳол нархи сабзӣ дар Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои сербаҳс табдил ёфта, нархи он ҳанӯз ҳам ба андозаи қаблӣ поин нарафтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала