Пешгирӣ аз қочоқи мероси таърихӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Обуна шудан
Ба сокини шаҳри Истаравшан барои содир намудани ин ҷиноят то се соли ҳабс ва ё ҷарима ба андозаи то 500 нишондиҳанда таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Дар фурудгоҳи Хуҷанд аз қочоқи мероси таърихию фарҳангӣ ҷилавгирӣ шуд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, қочоқбар нияти интиқол додани тангаҳои қадимаро дошт.

"Сокини 48 - солаи шаҳри Истаравшан бо гумони қочоқ ва муомилоти ғайриқонунӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар хабари манбаъ.

Номбурда нияти интиқол додани 180 адад тангаҳои қадима тариқи хатсайри Хуҷанд - Иркутск дошт, аммо аснои азназар гузаронидани бағоҷаш ӯро аз сафар боздоштанд.
Дар асоси хулосаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, сиккаҳои барои ташхис пешниҳодшуда, дар ҳолати хуб қарор дошта, хусусияти барориши сиккаҳои сериявӣ мебошад.
Таможенный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2020
Хадамоти гумрук гуфт кадом маҳсулоти пастсифат ба Тоҷикистон бештар қочоқ мешавад
Манбаъ меафзояд, дар асоси қонунгузорӣ “Дар бораи аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” интиқоли ғайрирасмии сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.
Феълан нисбати боздоштшуда бо моддаи 289 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Гуфта мешавад, ин сиккаҳо арзиши нумизматикиро доро буда, аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0