Президенти Швейтсария таассуроташро аз дидори Путин ва Байден нақл кард

© AFP 2021 / SAUL LOEBПрезидент США Джо Байден (справа) и президент России Владимир Путин
Президент США Джо Байден (справа) и президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Раҳбари Швейтсария Гай Пармелин дақиқаҳои аввали мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА-ро, ки дар Женева баргузор шуд, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Президенти кишвар, ки ҳамоишро барои кишвардорони Русия ва ИМА ташкил кард, таассуроти худро аз мулоқоти Владимир Путин ва Ҷо Байден нақл кард.
Президенти Швейтсария Гай Пармелин гуфт, ки муколамаи аввалини раҳбарони ду кишвар ҳамагӣ 5 дақиқа давом кард.
"Ман дарҳол ҳис кардам, ки миёни онҳо, чун муносибати инсон бо инсон ҳама чиз хуб аст", - гуфт Пармелин.
Президенти Швейтсария ин суҳбати кӯтоҳро дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии RTS фаромӯшнашавандатарин лаҳза номид.
Пармелин инчунин хислати чолиби диққати президенти Русия Владимир Путинро номбар кард.
"Владимир Путин аз онҳоест, ки "шаф-шаф" намегӯяд. Суханони ӯ рост ба сӯи ҳадаф равона карда шудаанд", - гуфт раҳбари Швейтсария.
Пармелен афзуд, ки ин сифатро дар Путин қадр мекунад.
Ёдовар мешавем, ки нишасти президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА рӯзи 16 июн дар Женева дар Вилла Ла Гранж баргузор шуд.
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Путин пас аз нишаст дар Женева аз Байден пуштибонӣ кард
Амнияти минтақавӣ ва ҷаҳон мавзӯи асосии муколамаи пешвоёни сатҳи ҷаҳонӣ гардид. Инчунин, Путин ва Байден ба мавзӯъҳои тандурустӣ, дурнамои ҳамкорӣ ва озодии сухан дахл карданд.
Пас аз мулоқот, ҳарду президент ба музокирот баҳои баланд доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала