Қирғизистон барои 9 кишвар раводидро бекор карданист: кадомҳо?

© Sputnik / Natalia SeliverstovaФонтаны в Бишкеке, архивное фото
Фонтаны в Бишкеке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Минбаъд шаҳрвандони 9 кишвар метавонанд бидуни виза ё раводид вориди Қирғизистон шаванд
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Қирғизистон қасд дорад барои сафари шаҳрвандони 9 кишвар раводидро бекор кунад.
Намояндагони маҷлиси Қирғизистон пешнависи қонуни " Ислоҳияҳои қонуни бекор кардани раводид барои шаҳрвандони бархе кишварҳо то 60 рӯз " - ро баррасӣ карданд, гузориш медиҳад Парс тудей дар истинод ба расонаҳои кишвар.

Тибқи ин гузориш ин лоиҳа шомили кишварҳову иёлатҳои Албания, Булғористон, Ветнам, Исроил, Кипр, Мақдунияи шимолӣ, Руминия, Таиланд ва Мексика мешавад.

Лоиҳа дар қироати сеюм барои раъйгирӣ ирсол шудааст.
Президент РФ В. Путин принял участие в V Каспийском саммите в Актау - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2020
Раводид байни Эрону Русия бекор мешавад
Ёдрас мешавем, чунин иқдомро соли 2012 низ собиқ раисҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев дастгирӣ карда буд, ки мувофиқи он ба шаҳрвандони 44 кишвар иҷоза дода шуда буд, то 60 рӯз дар қаламрави Қирғизистон бидуни раводид монанд.
Он вақт мақомоти кишвар гуфта буданд, "ин имконият барои кишварҳои мутараққӣ фароҳам оварда мешавад".
Визаи ягонаи сайёҳӣ дар Ӯзбекистону Қазоқистон: Тоҷикистон чӣ?
Дар Қирғизистон, Тоҷикистон ба рӯйхати 16 кишваре шомил мешуд, ки ҳанӯз то соли 2012 барои ворид шудани шаҳрвандонаш ягон мамонияте набуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала