Русия дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангӣ баргузор мекунад

© SputnikКонцерт в честь 75-летия балерины Малики Сабировой
Концерт в честь 75-летия балерины Малики Сабировой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Ифтитоҳи ин чорабинӣ дар Театри давлатии драмавии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Меҳмонон аз шаҳрҳои Норак, Варзоб ва Данғара боздид мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Федератсияи Русия баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, Рӯзҳзои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон аз 25 то 27 июни соли ҷорӣ доир мегарданд.
Манбаъ меафзояд, қабл аз оғози ин маърака, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия мулоқот доир мекунад.
Гуфта мешавад, ифтитоҳи расмии ин чорабинӣ дар Театри давлатии драмавии ба номи Садриддин Айнӣ оғоз мегардад.
Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Порсол нашуд, имсол мешавад: рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Аморот
Дар назар аст, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши Осорхонаи давлатии таърихию меъмории Вологодаи Федератсияи Русия, таҳти унвони "Вологодская кружево" баргузор гардад.
Ҳамзамон иштирокдорони Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон аз шаҳру навоҳии Норак, Варзоб, Данғара, НБО - и "Норак" "Кохи Наврӯз", Китобхонаи милли Тоҷикистон дидан мекунанд.
Гузашта аз ин, дар шаҳри Данғара барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони рус доир мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала