Зодрӯзи Саид Нафисӣ ва Бунафша Шокирова: 18 июн дар таърих

© Sputnik День 16 июн нац
День 16 июн нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Обуна шудан
Рӯзи ҳаждаҳуми июн дар Озарбойҷон аз Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Украина Рӯзи нозирони минтақавӣ қайд мегардад

Рӯзи 18 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1937 аввалин маротиба дар ҷаҳон дар хатсайри Москва- Қутби Шимол –Ванкувер парвози бетаваққуф ба амал омад.
Соли 1952 Англия нақшаи таъсис додани Федератсияи Африқои Марказиро эълон намуд.
Соли 1994 Александр Попов дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр (48,21сония) рекорди ҷаҳонӣ гузошт.
День 16 июн нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Парвози Терешкова ба кайҳон ва зодрӯзи Аскаралӣ Раҷабов: 16 июн дар таърих
Соли 1932 дар Женева аввалин конференсияи байналмилалии Ассотсиатсияҳои баскетболи миллӣ баргузор гардида буд, ки дар он қарор оид ба таъсис додани Федератсияи байналмилалии баскетбол ба миён омад.

Рӯзи 18 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 44-уми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Соли 2003 масъалаи рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ гардид.
Соли 2007 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва тасдиқкунии сарҳад ба кор (7-рӯза) шурӯъ намуд.
День 15 июн нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Зодрӯзи Саидмӯъмин Раҳимов ва Зулфия Атоева: 15 июн дар таърих
Соли 2009 дар Дастгоҳи иҷроияи Президент ҷаласаи сеюми Шӯрои машваратӣ оид ба зиёд намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва Лоиҳаи Барномаи "Баланд бардоштани фазои соҳибкорӣ — 200 рӯзи ислоҳот" қабул гардид.
Cоли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ба Бразилия сафар кард.
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири вақти Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумат дар ноҳияи Варзоб аз намоишгоҳи меваю сабзавот, хушкмева, асал ва дигар неъматҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон дидан карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 июн

Дар Озарбойҷон – Рӯзи ҳуқуқи инсон.
Дар Украина -Рӯзи нозирони минтақавӣ.

Рӯзи 18 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1896 — Саид Нафисӣ, адабиётшинос.
Соли 1911 — Наимҷон Ғиёсов, ҳунарманди театр ва кино.
Соли 1935 — Мирзо Олимов, олим.
Соли 1946 — Фирӯз Шукуров, доктори илмҳои тибб, профессор.
Соли 1962 — Шӯҳрат Ашӯров, композитор.
Соли 1972 — Бунафша Шокирова, овозхон.
Лентаи хабарҳо
0