Ситод: камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоед, ба давраи тирамоҳу зимистон омода шавед

Ситоди Ҷумҳуриявӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Обуна шудан
Ситоди ҷумҳуриявӣ дастур додааст, ки мақомоти дахлдор камбудиҳои ҷойдоштаи соли гузаштаро бартараф намоянду ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 омода шаванд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ахиран дар шаҳр Душанбе ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ дар масъалаи омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 таҳти роҳбарии муовини сарвазири Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ дар омодагиҳо ба зимистони гузашта, камбудиҳо ошкор кардааст. Таъкид шудааст, ки камбудиҳои фасли сармои гузашта бояд дар зимистони оянда такрор нашаванд.
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ҷаласаи Ситод: Расулзода аз Вазорати тандурустӣ чӣ хост?
Манбаъ аз қарори ҷадиди Ҳукумат дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, зикр карда, таъкид намудааст, ки айни ҳол корҳо идома доранд.
Гуфта шудааст, ки айни замон марҳилаи нақшабандии захираи маводи хӯрокворӣ, ангишт, воридоти мазути камсулфур, гази табиӣ ва моеъ ва дигар маводи асосии сӯхт, омодагӣ барои таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 оғоз гардидаанд.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон, Усмонзода Усмоналӣ ба масъулин барои истеҳсол ва захира намудани меъёри зарурии маводи доруворӣ, захираи маводи зарурии зиддилағжиш, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва кам намудани талафоти он, захира намудани ангишт супоришҳои қатъӣ дод.
Лентаи хабарҳо
0